Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи раёсати Обама дар иҷлоси Шӯрои Амнияти СММ


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар масъалаи адами густариши силоҳи ҳастаӣ ва халъи ин силоҳ дар моҳи оянда раисӣ хоҳад кард. Дар ин бора сафири Амрико дар СММ, Сюзан Райс хабар додааст. Қарор аст, рӯзи 24-уми сентябр, Обама пас аз нутқаш дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар ин ҷаласаи махсуси Шӯрои Амният ба ҳайси садри он ширкат кунад. Дар моҳи май панҷ узви доимии Шӯрои Амният аз Созишномаи адами густариши силоҳи ҳастаӣ, ки то ҳол 189 кишвар ба он имзо гузоштанд, пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG