Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби нави Маҳмуди Аҳмадинажод


Ба иттилоъи хабаргузории давлатии Эрон, раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод, Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи ин кишварро иваз хоҳад кард. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, яке аз муовинони раиси ҷумҳур Аҳмад Мусавӣ ва ё Парвиз Довудӣ ба ҷойи Манучеҳри Муттакӣ ба вазифаи вазири умури хориҷа таъйин хоҳад шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки фардо ба ҳайси раиси ҷумҳур адои савганд хоҳад кард, гуфтааст, ки дар чаҳори соли оянда сиёсати хориҷии қотеътареро пеш мегирад. Чанде аз раҳбарони кишварҳои ғарбӣ бинобар иттиҳомот доир ба тақаллуби густурда дар интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон, то кунун пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажодро эътироф накардаанд.
XS
SM
MD
LG