Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон мухолифи таъсиси пойгоҳи Русия


Давлати Ӯзбакистон аз барномаи Русия барои таъсиси пойгоҳи нави низомӣ дар Қирғизистон танқид кардааст. Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон бо нашри баёнияе гуфт, таъсиси пойгоҳ метавонад, боиси дигарбора сар бардоштани “нерӯҳои ифротӣ” ва ноамнӣ дар минтақа шавад. Русия ва Қирғизистон моҳи гузашта дар робита ба таъсиси пойгоҳи дуввуми низомии Русия, ки ғолибан дар марз бо Ӯзбакистон воқеъ хоҳад буд, ба тавофуқи пешакӣ даст ёфтанд. Бар асои ин созиш нерӯҳои Русия дар Қирғизистон то 49 соли дигар ҳузур хоҳанд дошт. Русия дар фурудгоҳи Канти Қирғизистон як пойгоҳ дорад ва Амрико ҳам аз фурудгоҳи Манас барои кӯмак дар амалиётҳои Афғонистон истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG