Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин изҳороти раҳбари нави НАТО


Раҳбари нави НАТО ё Паймони Атлантики Шимолӣ паймон, собиқ сарвазири Дания, Андерс Фог Расмуссен амалан ба иҷрои вазифаҳои худ сар кард.

Дар аввалин мулоқоташ бо хабарнигорон Расмуссен гуфт, эътибори НАТО ба дастовардҳои мушаххаи он дар Афғонистон, Балкан ва робитаҳояш бо Русия бастагӣ хоҳад дошт.
Вазифаи мо, ки аз тарафи Созмони Милал тасвиб шудааст, рӯшан ва аз лиҳози аҳамияти амнияти ҷаҳонӣ муайян аст, ки он пешгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба пойгоҳи марказии терроризми байнулмилалист...

Дабири нави НАТО ваъда дод, ки вазифаи меҳварии Паймони Атлантики Шимолӣ бетағйир боқӣ мемонад ва созмон талошҳояшро ба хотири амнияти комилии наздик ба як миллиард нафар дар 28 кишвари узваш, барои дифоъ аз арзишҳои бунёдии озодӣ, сулҳ ва амният идома хоҳад дод.

Расмуссен, вале инро ҳам илова кард, ки барои ба ҳайси шоҳсутуни амнияти ҷаҳонӣ боқӣ монданаш НАТО бояд навсозӣ ва ислоҳ шавад.

Зимнан, масъалаи зарурат ба навсозӣ ва ислоҳу тағйири Паймони Атлантики Шимолӣ ҳанӯз чандин сол аст, ки сари забонҳост, аммо дигаргунии ҷиддие дар ин фароянд ба миён наомадааст.

Ба истиснои ин ки агар дар давраи Яап де Ҳуп Схеффер вазифаи Дабири кулли НАТО хосияти бештар рамзӣ дошт ва дабири кулл асосан нақши чеҳра ё сухангӯи ин паймонро бозӣ карда, қудрати ҳақиқӣ дар дасти кишварҳои узв буд, интизор меравад, дар давраи Расмуссен салоҳиятҳои дабири кулл васеътар хоҳанд шуд.

Бо вуҷуди ин, бо сабаби тағйир накардани вазифаҳои асосӣ ва масъалаҳои рӯзи НАТО гумон аст, ислоҳот дар он ба зудӣ ҷараён гирад. Масалан, таъкид ба масъалаҳои марбути Афғонистон, Балкан ва Русия муайянкунандаи фаъолиятҳои Паймони Атлантики Шимолӣ дар чанд соли оянда хоҳанд буд.

Расмуссен батакрор изҳор дошт, ки Афғонистон ягона ва барҷастатарин вазифаи ҷаҳонии НАТО боқӣ мемонад. Вай гуфт: "Вазифаи мо, ки аз тарафи Созмони Милал тасвиб шудааст, рӯшан ва аз лиҳози аҳамияти амнияти ҷаҳонӣ муайян аст, ки он пешгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба пойгоҳи марказии терроризми байнулмилалист. Далели ахлоқии он хеле қавист. Ҳар касе ки ба ҳуқуқи ибтидоии инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, бовар дорад, бояд аз ин вазифаи мо ҳимоят кунад."

Вале бо вуҷуди эътимоди қавӣ дар сӯҳбатҳои Расмуссен, таъкид ва ё задаи сухан дар изҳороти ӯ каме ҷой иваз кардааст. Акнун таъкид бар вазифаи НАТО дар Афғонистон бидуни вожаи "ғалаба" ё "пирӯзӣ" тазаккур меёбад ва дар ивази ин ба "комёбӣ" дар интиқоли масъулиятҳои амниятӣ бар дӯши нерӯҳои худи Афғонистон таъкид мешавад.

Аз сӯи дигар дабири нави Паймони Атлантики Шимолӣ дар ёди бисёриҳо ба ҳайси сарвазире боқӣ мондааст, ки нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом аз кишвари ӯ сар шуда, боиси тазоҳуроти густарда ва хушунатомези мусулмонон дар сартосари ҷаҳон гардид. Бисёриҳо дар хотир доранд, ки соли 2005-ум Расмуссен аз гуфтушунид бо намояндагони мусулмонон дар бобати ин танзҳо сарпечӣ карда, нашри онҳоро ба озодии баён нисбат дода буд.

Дар нахустин нишасти хабарии Расмуссен ба ҳайси Дабири нави Паймони Атлантики Шимолӣ ба ӯ дар ин бора савол дода шуд ва ӯ дар посух гуфт, ин як чизи гузашта аст ва ӯ бартарӣ медиҳад, ки ба оянда бингарад. Вай эълон кард, ки ба зудӣ бо сафирони 11 кишвари мусулмон мулоқот хоҳад кард, то андеша ва назари ҳукуматҳои мусулмононро гирдоварӣ кунад.
XS
SM
MD
LG