Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт шудани 36 муҳоҷири эронӣ дар Ироқ


Мақомоти ироқӣ мегӯянд, полиси ин кишвар 36 муҳоҷири эрониро бо иттиҳоми ангехтани задухӯрди сокинони урдугоҳи муҳоҷирон бо полиси ироқӣ бозошт кардааст. Ҳафтаи гузашта дар урдугоҳи "Ашраф", шимоли Бағдод, ки ба Созмони муҷоҳидини халқи Эрон марбут аст, байни полис ва сокинони урдугоҳ даргирӣ ба амал омад. Мақомоти ироқӣ тасдиқ мекунанд, ки дар ин даргирӣ 7 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Ин урдугоҳ дар давраи ҷанги ҳаштсолаи Ироқу Эрон барои мухолифони ҳукумати Эрон бо даъвати Саддом Ҳусайн таъсиси ёфта, то ин авохир дар зери назорати нреӯҳои амрикоӣ буд ва тибқи созишномаи амниятии Ироқу Иёлоти Муттаҳида назорати он ба дасти нерӯҳои ироқӣ гузашт.
XS
SM
MD
LG