Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо аз давлати Тоҷикистон кӯмак мехоҳанд


Намояндагони матбуоти Тоҷикистон аз давлат хостаанд, ки тавассути ироаи қарзҳои бефоиз ва лағви андоз аз арзиши изофа барои 5 соли оянда ба расонаҳо дар роҳи муқобила бо асароти бӯҳрони молӣ кӯмак расонад.
Дар муроҷиатномаи муштараке, ки 40 тан аз раҳбарони нашрияҳо ва коршиносони масоили матбуот имзо кардаанд, гуфта мешавад, бӯҳрони молӣ алакай ба фаъолияти беш аз 90 дарсади расонаҳои фаъол дар саҳнаи матбуоти Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошта, теъдоди нашри бисёре аз онҳо то 30-40 дарсад пойин рафтааст. Намояндагони матбуот ҳамчунин хостори ислоҳи низоми фаъолияти почта ва таъсиси як шабакаи миллии фурӯши расонаҳо шудаанд.
XS
SM
MD
LG