Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии мақомоти Амрико аз вазъи иқтисодиёт


Собиқ раиси Бонки марказии Амрико, Алан Гринспан, дар мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии ABC вазъи иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаро хушбинона арзёбӣ намуд. Дар посух ба саволе ки оё бӯҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ пуштисар шудааст вай гуфт:
“Мо наметавонем гӯем ки бӯҳрон комилан пуштисар шуд, аммо мо ба поёни он хеле наздик расидем. Вазири молияи кишвар ба тозагъ хабар дод ки дар низоми молиявӣ беҳбудиҳои чашмрас ба амал омадаанд. Ва маҳз тамоми мушкилиҳо аз низоми молиявӣ доман паҳн карда буданд. Метавонем гуфт, ки хатари фурӯпошии иқтисодиёт ҳоло аз байн бурда шуд.”
Гринспан изҳори итминон намуд, ки дар миёнаҳо моҳи июл коҳиши иқтисодиёт то ба поинтарин сатҳаш расида, вазъият акнун рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.
XS
SM
MD
LG