Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ду оҳанги номаълуми Мотсарт


Пажӯҳишгарон мегӯянд, ду асари номаълуми Мотсартро кашф кардаанд. Бунёди байнулмилалии Мотсартеум хабар дод, ки ҳарду асари оҳангсози машҳур барои фортепяно навишта шуда, дар як дастнавис маҳфуз мондаанд. Улрих Лейзингер, мудири умури илмии ин бунёд дар бораи кашфиёт мегӯяд:

"Ин порчаҳо хеле мӯшикофонаанд ва монанди осори баъдинаи ӯ ба андозае мушкиланд, ки на танҳо хоси оҳангсози ботаҷриба аст, балки хоси касе ки орзуҳои баланд дорад ва навозанда дар иҷрои онҳо хеле арақшор хоҳад шуд."

Волфганг Амадеус Мотсарт дар соли 1756 ба дунё омада, аз 3-солагияш даст ба навозандагӣ зад ва аз 5-солагияш навиштани мусиқиро сар кард. То маргаш аз бемории сармохӯрдагии ревматикӣ дар соли 1791 вай 600 асари мусиқӣ ба вуҷуд овард, ки фавқулода зебоянд. Гумон меравад, ин ду асари тозапайдоро Мотсарт дар синни 7 ё 8-солагияш офарида бошад.
XS
SM
MD
LG