Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотамӣ ҳукми додгоҳро маҳкум кард


Муҳаммади Хотамӣ
Муҳаммади Хотамӣ

Собиқ президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ садояшро ба онҳое ҳамроҳ кард, ки муҳокимаи эътирозгарони эрониро маҳкум менамоянд.

Собиқ президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ бо лаҳни шадид муҳокимаи эътирозгаронро, ки якуми август оғоз ёфтааст, танқид кард.

Додгоҳ дар байни 100 фарди муттаҳам иттифоқчиёни калидии Хотамӣ, аз ҷумла собиқ ноиб-президенти Эрон Муҳаммадалии Абтаҳӣ ва дигар сиёсатмадорони ислоҳҳотталаби эрониро бо ҷиноятҳои ҷиддии марбут бо амнияти кишвар, ки дар паи интихоботи президентии 12 июн авҷ гирифтанд, муттаҳам мекунад.

Хотамӣ додгоҳро "намоиш" номида, афзуд, ки муҳокима ба сохти давлатдории Эрон латма мезанад. Собиқ президенти Эрон изҳори умед кард, ки муҳокима боиси "ҷаҳолат ва ҷиноятҳои воқеӣ" аз ҷумла латту кӯб ва куштори боздоштшудагон нахоҳад шуд.

Ба ақидаи Хотамӣ мушкили асосии додгоҳ ин аст, ки муҳокима пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Ҳамчунон ӯ хотирнишон кард, ки то оғози муҳокима муттаҳамҳову вакилони онҳо дар бораи моҳияти айбномаҳо иттилоъ надоштанд.

Расонаҳои хабарии Эрон аз нақли Абтаҳӣ ва шуморе аз боздоштшудагон овардаанд, ки иддаоҳои ҷой доштани тақаллуб дар интихоботи президентии 12 июн бидуни кадом асосе матраҳ шудаанд. Абтаҳӣ, ки хеле хаставу беҳол ба назар мерасид, гуфт, иддаои тақаллуб худ даъвати рамзӣ барои оғози эътироз буд.

Хотамӣ, теъдоди зиёди ислоҳотталабон ва наздикони онҳо эътирофи ҷурм дар назди додгоҳро қабул надоранд ва мегӯянд, ки шаҳодати боздоштшудагон дар шароити ғайришаръӣ гирифта шудааст.

Водор намудани маҳбусони сиёсӣ ба эътирофи айбнома анъанаи қадимии Ҷумҳурии исломӣ мебошад. Аксари онҳое, ки дар додгоҳ худро муҷрим эълон кардаанд, баъдан иброз доштаанд, ки эътирофи ҷурм дар зери фишор сурат гирифта буд.

Ба гуфти шореҳон ҳадаф аз ин муҳокима, ки асосан бар пояи ҳамин гуна "эътирофҳо" ташкил шудааст, сафед намудани интихоботи президентии 12 июн дар Ҷумҳурии исломӣ мебошад, ки бо пирӯзии раисҷумҳури давр Маҳмуди Аҳмадинажод ба анҷом расид. Муҳофизакорон ва дар байни онҳо худи Аҳмадинажод ин маъракаро "солим" номидаанд.

Шореҳон меафзоянд, ки муҳокима кӯшиши хомӯш намудани эътирозҳоест, ки то ҳанӯз дар гӯшаҳои мухталифи Эрон идома доранд.

Рӯзноманигор ва ҳуқуқшиноси эронӣ Саид Разавӣ Фақиҳ, ки дар давраи интихоботи президентии Эрон аз номзади курсии раёсатҷумҳурӣ Маҳдии Каррубӣ ҷонибдорӣ кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Фардо гуфт, муҳокима иқдоми навбатии тундгароҳост, ки мехоҳанд даҳони ҷумбиши мухолифинро бубанданд.

Собиқ вазири фарҳанги Эрон Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ ба гуфтаҳои Фақиҳ мувофиқ аст. Ӯ ҳамчунон меафзояд, ки ҳадафи дигари мақомот собиқ президенти бонуфузи Ҷумҳурии исломӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ мебошад, ки бо ишора ба интихоботи президентии 12 июн гуфта буд, мардум эътимод ба сохтори исломиро аз даст медиҳанд.

Дар ҷараёни муҳокимаи рӯзи шанбе Абтаҳӣ гуфт, номзади пешдасти ҳизбҳои мухолифи ҳукумат Мирҳусейн Мусавӣ ва собиқ президентҳои Эрон Хотамӣ ва Рафсанҷонӣ "ваъда дода буданд, ки доимо аз якдигар пуштибонӣ мекунанд".

Баъди нашри суханони Абтаҳӣ Рафсанҷонӣ изҳороте пахш намуда, таъкид кард, ки дар давраи интихобот бо кадом яке аз довталабҳо паймоне набаста буд ва дар ҳодисаҳои марбут бо эътирозҳои баъдиинтихоботӣ низ нақше надорад.

Барои аввалин бор дар таърихи Ҷумҳурии исломӣ даҳҳо мансабдорони баландпояи собиқ бо иттиҳоми амали мухолифи амнияти миллӣ, ҳамла ба низомиён ва биноҳои давлатӣ ва ҳамчунон тавтеа бар зидди низоми давлатдорӣ муҳокима мешаванд.

XS
SM
MD
LG