Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Сангтӯда-1» ба истифода дода шуд


Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи "Сангтуда-1"
Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи "Сангтуда-1"

Раҳбарони Русияву Тоҷикистон ифтитоҳи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро нуқтаи чархиш ба сӯйи рушди равобити беҳтари кишварҳояшон унвон карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими расмии оғози баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳ дар ҳузури ҳамтои русаш Дмитрий Медведев аз ҷумла бар мушкилоти бебарқӣ дар кишвараш таъкид карда, афзуд, барқи «Сангтӯда-1» на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодӣ кӯмак хоҳад кард.

Вай афзуд, «Сангтӯда-1» на фақат воқеаи таърихӣ дар равобити Тоҷикистону Русия, балки дар таърихи тамоми Осиёи Марказист, зеро ин нерӯгоҳ ҳамчун қисми таркибии силсиланерӯгоҳҳо рӯи рудхонаи Вахш дар минтақа нақши худро хоҳад бозид.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, «боиси хушнудист, ки тибқи анъана асосгузори ин муҳимтарин ҳамкориҳои мутақобила Русия буд ва ҳаст. Моро бо Русия ҳазорҳо риштаи дӯстиву эҳтироми якдигар васл мекунад. Мо ҳамеша, бахусус дар оғози солҳои вазнинтарини истиқлолият пуштибонии қавӣ ва мушорикати самимии дӯстони русиягиамонро эҳсос мекардем».

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба ҳеҷ сурат бар зарари кишварҳои ҳамсоя нахоҳад буд.

Нерӯгоҳи "Сангтуда-1"
Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, бо ишора ба шарики воқеии стратегӣ ва ҳампаймони кишвараш будани Тоҷикистон гуфт, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» барои афзудани устувории сохтори энержӣ, ки барои рушди кишвар ва минтақа хеле муҳим аст, ба кор хоҳад омад.

Вай гуфт, «барқи нерӯгоҳи Сангтӯда 1 на фақат захираи ҷиддӣ барои рушди саноату кишоварзӣ ва тиҷорати хурду миёна, балки он ҳамчунин гармиву рӯшноӣ дар мактабу кӯдакистонҳо ва хонаҳои мардум аст. Ин шояд ҳадафи аз ҳама аслӣ барои ҳукуматест, ки ҳамчунин иншоотҳоро бунёд мекунад».

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» соли 1987 шурӯъ шуда, ҳангоми фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таъвиқ афтодааст. Ин тарҳ моҳи апрели соли 2005 аз сӯйи зерширкати РАО ЕС - Интер РАО ЕС аз сар гирифта, моҳи майи соли равон ба итмом расид.

Тибқи иттилои расмӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 мегаватт, солона ҳудуди 3 миллиард киловат-соат барқ, бузургтарин пружаи сармоягузорӣ бо ширкати Русия ва ширкатҳои русӣ дар саросари ИДМ аст.

Коршиносон мегӯянд, Русия аз ин пружа мехоҳад минҳайси абзори тақвияти ҷойгоҳаш дар минтақаву Тоҷикистон суд бардорад. Онҳо мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон интизор дорад, ки барқи ин нерӯгоҳ бар камбуди барқ дар айёми зимистон дар кишвар хоҳад кост. Тибқи иттилои манобеи гуногун, Тоҷикистон солона ба 3 то 5 миллиард киловат соат барқ эҳтиёҷ дорад.

Қарзи Тоҷикистон аз ширкати «Сангтӯда-1»

Аркадий Дубнов, коршиноси рус, мегӯяд, нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар ҳоли ҳозир равобити ду кишварро хатчадор кардааст
Дар ҳамин ҳол, Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус дар посух ба суол дар бораи он, ки оё ба кор даромадани «Сангтӯда-1» то куҷо равобити Маскаву Душанберо беҳ мекунад, гуфт, дар ҳоли ҳозир, нерӯгоҳ равобити ду кишварро хатчадор кардааст. Оқои Дубнов афзуд, то ба ҳол барқи ба ширкати Барқи тоҷик додаи нерӯгоҳ пардохта нашуда, Тоҷикистон ҳоло 16 ё бештар миллион доллар қарздор шудааст. Оқои Дубнов гуфт, нерӯгоҳ ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин рӯи кимати барқ ба тавофуқ нарасидаанд:

Вай афзуд, «ин ҳама равобитро хуб намекунад ва ин ҳам, ки 75 дарсади саҳмия ба Русия ва бақия ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Аз ин хотир, ин мушкилот ба равобити Душанбеву Маскав, ки ҳоло он қадар хуб нестанд, зам мешаванд. Ба назарам, шурӯъи фаъолияти Сангтӯда 1, новобаста ба вокунишҳои ҳангомадор, он қадар таъмини аҳолӣ бо барқро ҳам беҳ накард. Дуруст нигарем, он шояд он қадар ба Тоҷикистон муҳиму ҳаётӣ ҳам набошад. Шояд ҳадафи аслии нерӯгоҳ содироти барқ ба хориҷ буд, ки воқеияти ин ин ҳадаф ҳам ҳанӯз собит нашудааст».

Нерӯгоҳи Сангтӯда 1 аввалин тарҳи бузурги иқтисодист, ки тайи 20 соли бо сармоягузории 700 миллиондоллараи Русия анҷом шудааст ва 75 дарсади саҳмияаш ба ширкатҳои русӣ таалуқ дорад.

Тарҳи бузурги иқтисодии дигаре, ки соли 2010 тақрибан бо ҳамин қимат ба охир хоҳад расид, сохтмони роҳи Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ хоҳад буд. Ин тарҳро Чин сармоягузорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG