Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Медведев дар маросими ифтитоҳи "Сангтӯда-1"


Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон
Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, субҳи имрӯз, 31-уми июл, дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкат кард.

Раисиҷумҳури Русия ин нерӯгоҳро тарҳи бузург ва муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, “Сангтӯда-1” пайванде байни ду кишвар ва ду миллат хоҳад буд. Вай афзуд, "Тоҷикистон ҳамшарики стратегии Русия буд, ҳаст ва мемонад".

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамтои русиашро дар ин маросим ҳамроҳӣ мекард, гуфт, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» на танҳо аз нуқтаи назари таъминоти нерӯи барқ, балки ҳамчун натиҷаи ҳамкориҳои стратегии ду кишвар аҳамияти вижа дорад. Вай таъкид кард, ки барномаҳо ва тарҳҳои энержии Тоҷикистон бар зарари кишварҳои ҳамсоя нест.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бо сармояи Русия бунёд шудааст ва бахши аъзами саҳмияҳои он, яъне 75 дарсад, ба Русия тааллуқ дорад.

Шоми рӯзи гузашта президентҳои Тоҷикистон ва Русия зимни дидор ва гуфтугӯи дуҷониба дар шаҳри Душанбе созишномаи истифодаи муштараки "Сангтӯда-1"-ро имзо карданд.

Ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия Сергей Приходко, дар тавофуқоти қаблии баҳрбардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1» тағйире ба миён наомадааст.

Дмитрий Медведев дар ин мулоқот омодагии ҷониби Русияро ба идома додани иштирок дар бунёди як қатор нерӯгоҳҳои дигари обӣ, ҷустуҷӯ ва истихроҷу коркарди нафту гази Тоҷикистон таъкид кардааст.

Вале тарҳи нерӯгоҳи азими Роғунро, ки ахиран боиси ихтилофоти назар ва ҳатто сард шудани муносиботи Душанбе ва Маскав шудааст, ҷонибҳо матраҳ накардаанд.

Ёвари раисиҷумҳури Русия Сергей Приходко иттилоъ додааст, ки сарони ду кишвар ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбию фаннӣ ва амниятӣ дар маҷмӯъ баррасӣ кардаанд ва дар ҷараёни гуфтушунид пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ва фурӯдгоҳи Айнӣ низ тазаккур ёфтаанд, вале тарафҳо ба натиҷаи ягонае нарасидаанд.

Бино бар ин президентҳо ба вазирони дифоъ ва умури хориҷии кишварҳои худ дастур доданд, шароити ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ ва тарҳи тавофуқотро омода намоянд.

Дар мулоқоти Медведев бо Раҳмон масъалаҳои марбут ба вазъи забони русӣ дар Тоҷикистон баҳс нашудааст, зеро, ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия, тарафи Маскав фаҳмид ва қонеъ шуд, ки забони русӣ аз тариқи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳимоят мешавад ва президенти Тоҷикистон барои густариши омӯзиши он чандин дастур содир кардааст.
XS
SM
MD
LG