Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо ба Молдова


Иттиҳодияи Аврупо аз Ҷумҳурии Молдова хост, ба хотири роҳ надодан ба ноамнӣ, ҳарчӣ зудтар ҳукумати ин кишварро ташкил кунад. Хавиер Солана –сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, аз сиёсатмадорони Молдова даъват кард, “ ҳарчӣ зуд ва ба таври фарогир” ҳукумати нави кишварашонро ташкил кунанд. Ҷон Керрӣ - раиси кумитаи умури хориҷи дар Сенати Иёлоти Муттаҳида бо нашри баёнияе, интихоботро як фурсати муҳим барои Молдова хонда ва раҳбарони сиёсии он хостааст, ихтилофоти назарҳои худро канор гузошта, бо ҳам кор кунанд. Бо ҳисоби 98 дар сади раъйи мардум, Ҳизби Коммунисти Молдова аз 101 курсии порлумон 48 курсӣ ва мухолифони он 53 курсиро аз они худ кардаанд. Аҳзоби мухолиф дар порлумони Молдова танҳо дар сурати ташкили эътилоф метавонанд, ҳукуматро ташкил диҳанд, вале барои интихоби раиси ҷумҳур раъйи кофӣ нахоҳанд дошт. Дар айни ҳол Владимир Воронин – раиси ҷумҳур ва раиси Ҳизби Коммунисти Молдова гуфтааст, ки омодаи муколамаи усулӣ бо мухолифон мебошад.
XS
SM
MD
LG