Пайвандҳои дастрасӣ

Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия, Дмитрий Медведев созишномаи истифодаи муштараки "Сангтӯда-1"-ро имзо карданд.

Ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия, Сергей Приходко, дар тавофуқоти қаблии баҳрбардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1 тағйире ба миён наомдааст ва ду перзидент санади омодашударо ба имзо расонданд.

Дар посух ба суоли ин ки оё шароити ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуда ё на, ҷаноби Приходко гуфт, ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбию фаннӣ ва амниятӣ дар маҷмӯъ баррасӣ шуданд ва дар ҷараёни гуфтушунид пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ва фурудгоҳи Айнӣ тазаккур ёфтанд, вале тарафҳо ба натиҷаи ягонае нарасиданд.

Бино бар ин президентҳо ба вазирони дифоъ ва умури хориҷии кишварҳои худ дастур доданд, шароити ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ ва тарҳи тавофуқотро омода намоянд.

Ёвари раисиҷумҳури Русия гуфт, масъалаҳои марбут ба вазъи забони русӣ дар Тоҷикистон баҳс нашудаанд, зеро тарафи Русия фаҳмид ва қонеъ шуд, ки забони русӣ аз тариқи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳимоят мешавад ва президенти Тоҷикистон барои густариши омӯзиши он чандин дастур содир кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG