Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳоргона: Таҳкими амният аз роҳи иқтисодиёт


Нишасти сарони Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар Душанбе бо таъкид рӯйи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба хотири амнияти минтақа поён ёфт.

Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми қироати паёми ҳамтоёнаш ба хабарнигорон гуфт, ғояи гузаронидани ин нишаст дар ҷаласаи охирини Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Екатеринбург ба вуҷуд омад, ки яке аз мавзӯъҳояш баррасии вазъ ва мушкили амниятии Афғонистону Покистон буд.

Оқои Раҳмон гуфт, дар он нишаст ин нукта махсус зикр шуд, ки кишварҳои ҳамсоя барои ҳалли ин мушкилот бояд мусоидат кунанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, интизориҳо аз ин нишаст беҳуда набуданд: «Дар ин нишаст мо муфассал рӯи равандҳое, ки дар минтақаамон мегузаранд, сӯҳбат кардем. Ҳамчунин мушкилоти ҷаҳонӣ, аз қабили терроризми байнулмилалӣ, тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба кишварҳоямонро баррасӣ кардем.»

Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳе, ки то ба ин нишаст маҳфилҳои сиёсиро гарм медошт, ширкати Русия дар тарҳи хатти интиқоли барқ мавсум ба CASA1000, қисмати барномаи бузурги CASAREM буд, ки аз сӯйи Бонки ҷаҳонӣ ва ИМА пуштибонӣ меёбад.

Хатти барқи CASA1000, ки бояд барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол диҳад, қаблан дар нишастҳои дугонаву сегонаи раҳбарони чор кишвари ахирӣ ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуда буд.

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, ки даъвати хешро ба ин нишаст рамзи эътимод номид, бо он вуҷуд ки мушаххас бар тарҳи болоӣ ишорат накард, гуфт, кишвараш дар ҳама гуна тарҳҳои минтақавӣ ширкат хоҳад кард: «Мо як фазои умумӣ дорем, ки онро метавон бо ҳама гуна тарҳҳои ҳаётӣ пур кард. Сухан дар бораи барномаҳои энержӣ ва роҳи оҳан меравад, ки имрӯз гуфтем. Мо бояд дар бораи он фикр кунем, ки тиҷорати минтақаиро рушд диҳем ва фазои солими сармоягузориро фароҳам орем. Танҳо бо ин роҳ мешавад мушкилоти дарднок дар минтақаро, ки даҳсолаҳо ба ин сӯ ҷамъ шудаанд, ҳал кард. Онҳоро танҳо бо роҳи ба вуҷуд овардани шароити хуб барои зиндагии рифоҳи мардум ҳал метавон кард.»

Оқои Медведев боз ҳам бидуни зикри мушаххасот гуфт, барномаҳое, ки дар чаҳорчӯби чор кишвар - Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон муҳокима шуданд, метавонанд тааваҷӯҳи сармогузорони хориҷиро низ ҷалб кунанд.

Раисҷумҳури Русия дар қатори масоили дарднок қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ҷинояткории муташаккилро ном бурд.

Вай афзуд, ин барномаҳо, ки байнулмилалӣ ва фаромарзӣ ҳастанд, барои коҳиш додани фақр дар кишварҳои нодор роҳандозӣ мешаванд ва метавонанд на фақат чаҳорҷониба, балки ҳамчунин бо ширкати ниҳоди молиявии байнулмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шаванд.

Дмитрий Медведев гуфт, кишвараш мехоҳад, дар ин равандҳо саҳми худро гузорад, то амнияти минтақа бештар шаффофу назоратшаванда ва тибқи қоидаҳои байнулмилалӣ бошад.

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон, гуфт, кишвараш ва Афғонистон ва дигар мардуми минтақа бо умед ба ҷомеаи ҷаҳонӣ назар дӯхтаанд, ки ахириҳо барои ҳалли мушкилоташон кӯмак мекунанд. Вай афзуд, "аз ин хотир барномаҳое, ки тарҳрезӣ мешаванд, бояд такмил ва иҷро шаванд."

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, гуфт, тафоҳуми дақиқ ва талошҳои мушаххас дар ҳалли мушкилиҳои минтақа истиқбол мекунад, ки барои рушди иқтисоду фарҳанги мардум равона шудаанд: «Афғонистон низ узви ин минтақа аст ва аз ин ибтикорҳо истиқбол мекунад. Аз ин хотир дар ин нишаст ширкат кард ва дар оянда низ ширкат хоҳад кард.»

Нишасти чаҳоргона – Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба дунболи нишасти сегона (Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон) баргузор шуд.

Дар нишасти сегона таъкид шуд, ки раҳбарони се кишвар ҳамасола як мартаба вохӯранд.

Аммо дар нишасти чоргона бар ҳамасола баргузор шудани мулоқот таъкид нашуд, ҳарчанд раҳбарон гуфтанд, ки ҳамкориҳояшонро боз тақвият хоҳанд дод.

Ҳарду нишаст бо чунин ҳайат аввалин бор дар таърихи минтақа баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG