Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мунтазири тавзеҳи Тоҷикистон


Сергей Приходко – ёвари раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, кишвараш умедвор аст, ба зудӣ тавзеҳи ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба иқдомаш ба забони русиро дарёфт хоҳад кард. Сергей Приходко дар остонаи сафари кории Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ҳарчанд вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба мақомоти Русия гуфтааст, ки касе ҷойи забони русиро дар Тоҷикистон танг карданӣ нест, аммо мақомоти Русия тавзеҳи изофиро дар ин замина зарур мешуморанд. Ислоҳи Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон, ки дигар русиро забони муоширати байни миллатҳо намедонад, сабаби ғавғову ҳаёҳу дар маҳфилҳои сиёсии Русия шуд. Сергей Приходко гуфтааст, дар ҷараёни сафари имрӯзаи Дмитрий Медведев ба Душанбе ҳамчунин масоили ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG