Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Молдова шурӯъ мешавад


Дар Ҷумҳурии Молдова имрӯз интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки Ҳизби Коммунисти мойил ба Русия ва мухолифони тарафдори ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарбӣ дар он ширкат мекунанд. Владимир Воронин – раиси ҷумҳури феълии Молдова, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани ду раъйгирӣ барои интихоби раиси ҷумҳури нав дар порлумони Молдова, моҳи гузашта порлумони кишварашро пароканда ва интихоботи нав эълом кард. Баъди пирӯзии коммунистҳо дар интихоботи 5 апрел, нерӯҳои мухолифи давлати Молдова, мақомотро ба тақаллубкорӣ дар интихобот муттаҳам карданд. Баъди ин издиҳоми аксаран ҷавонон ба бинои порлумон ва қароргоҳи раиси ҷумҳур ҳамла ва бедодгарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG