Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Тоҷикистон аз вокунишҳои Русия


Тоҷикистон дар як шарҳи тӯлонӣ доир ба вокуниши манфии маҳфилҳои сиёсии Русия ба тарҳи нави Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистонро башиддат танқид кардааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” шарҳи як омӯзгори тоҷикро нашр кардааст, ки мегӯяд, рафтори баъзе аз сиёсатмадорони Русия “мисли рафтори як мустамликадор аст, ки ба Тоҷикистон чун ба як кишвари мутеъи Русия нигоҳ мекунанд.” Дар ин шарҳ омадааст, баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, ин умури дохилии Тоҷикистон аст ва Тоҷикистон аз ҷумла ба насиҳатҳои Алексей Островский – раиси Кумитаи Думаи Давлатии Русия эҳтиёҷ надорад. Ин вакили рус ислоҳи Қонуни забони давлатиро, “як иштибоҳи ҷиддии раиси ҷумҳур Раҳмон “ хонда буд. Дар тарҳи Қонуни забони давлатӣ забони русӣ дигар чун забони байни миллатҳо дар Тоҷикистон эътироф нашудааст. Тарҳи ин қонун ғавғову ҳаёҳуи зиёдеро дар маҳфилҳо ва расонаҳои Русия барангехт.
XS
SM
MD
LG