Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атамбоев мардумро ба тазоҳурот мехонад


Алмосбек Атамбоев, номзади иттиҳоди мухолифин дар интихоботи Қирғизистон
Алмосбек Атамбоев, номзади иттиҳоди мухолифин дар интихоботи Қирғизистон

Алмосбек Атамбоев, номзади иттиҳоди мухолифин дар интихоботи Қирғизистон, мардумро ба тазоҳуроти густурдаву давомдор даъват кардааст.

Номзади ягона аз иттиҳоди мухолифини қирғиз, ки тибқи натиҷагирии комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, дар ин мубориза ноком монд, бори дигар интихобти президентии 23 июлро ғайриқонунӣ хонд.

Вай тайи як нишасти хабарӣ аз шаҳрвандони кишвараш даъват кард, ки ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодиҳои худ, барои ояндаи дурахшони фарзандонашон даст ба намоишҳои эътирозии сулҳомез ва раҳпаймоиҳо зананд.

Ба гуфтаи оқои Атамбоев, мувофиқи Қонуни асосӣ, шаҳрвандони Қирғизистон ҳақ доранд, ки гирдиҳам оянд ва ба таври сулҳҷӯёна раҳпаймоӣ кунанд.

Вай афзуд, ки ба тозагӣ аз Маскав баргашт ва дар ҷараёни ин сафари кӯтоҳмуддат бо депутатҳои Думаи давлатии Русия ва намояндагони доираҳои сиёсии ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом дод ва вазъияти сиёсии кишвараш баъди интихоботи президентӣ дар меҳвари ин гуфтугузорҳо қарор дошт.

Оқои Атамбоев мегӯяд, ки вай ва Ҷенишбек Назаралиев рӯзи интихобот номзадиашонро пас нагирифтаанд, баръакс аз ширкат дар интихоботе, ки «ба мазҳака табдил ёфта буд», даст кашиданд.

Ба шаҳодати ӯ, таъсиси гирдиҳамоиҳо ташаббуси иттиҳоди мухолифин нест, балки ин ташаббус аз ҷониби онҳое сар задаст, ки дар манотиқи кишвараш ба ӯ ва Назаралиев раъйи худро додаанд. Вай гуфт, аз ин лиҳоз миқёси гирдиҳамоиҳое, ки 29 июл таъсис хоҳанд ёфт, ҳамчунин ба кадом нерӯ қодир будани он фақат аз мухолифин вобаста нест.

Оқои Атамбоев фаъолнокии шаҳрвандони кишвараш ва нерӯҳои тараққихоҳи онро низ дар баргузории ин гирдиҳамоиҳо омили хеле муҳим арзёбӣ кард.

Ба таъкиди ӯ, 29 июл оғози тазоҳуроти сулҳҷӯёна ва эътирозҳо алайҳи тақаллубкориҳо дар интихоботи президентӣ ва шуруи муборизаҳои тӯлонӣ ба муқобили диктатура ва қонуншиканиҳои ҳукумат хоҳад буд.

Оқои Атамбоев гуфт, ки дар ин авохир ҳукумат барои аз байн бурдани ниҳодҳои демократӣ талош меварзад, вале ба туфайли муборизаи мухолифони сиёсӣ, ки барқарории демократия ва озодиҳои шаҳрвандиро аҳдофи худ қарор додаанд, кишвараш аз ин роҳи нодуруст ба сӯи тараққиёти демократия бозгардонида хоҳад шуд.

Ҷунбиши иттиҳоди мардумии Қирғизистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки Қурмонбек Боқиевро президенти қонунӣ нашуморад. Дар изҳороти ин ҷунбиш омадааст, ки ғасби ҳукумат аз тарафи аъзои як хонавода, ки тамоми ниҳодҳои онро низ фаро гирифтааст, фишор болои раъйдиҳандагон ва истифодаи захираҳои идорӣ ба шаҳрвандони ин кишвар роҳ надоданд, ки интихоботи конститутсионӣ ва раъйи худро ҳифз бикунанд.

Дар ҳамин ҳол Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот баҳои ҳайати нозирони САҲА-ро, ки раванди интихоботи президентии 23 июл дар Қирғизистонро назорат карда буданд, ҳаққонӣ шумурдааст. Бино ба ин изҳорот, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳти раёсати Шветсия қонуншиканиҳо, аз ҷумла зимни раъйдиҳӣ ба қуттиҳо андохтани даста-даста баргаҳо ва ба такрор овоз додани гурӯҳи раъйдиҳандагонро таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG