Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оятуллоҳ Хоманаӣ маҳбаси Каҳрезакро мебандад


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, барои бастани маҳбаси Каҳрезак амр содир кард. Тибқи баъзе хабарҳо, ҷонибдорони мухолифини бар асари саркӯбсозии тазоҳуроти моҳи гузашта дастгиршуда дар ин маҳбас нигаҳ дошта мешаванд. Козим Ҷалолӣ, намояндаи комиссиюни парлумонӣ, ки ба тафтиши вазъи боздоштшудаҳо машғул аст, дар бораи мутобиқ ба риояи ҳуқуқи ин афрод набудани маҳбаси Каҳрезак иттилоъ дод.
Ба иттилоъи мақомоти расмӣ, ҳангоми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон беш аз 300 нафар боздошт шуданд. Мухолифини Эрон барои раҳоии онҳо талош доранд.
XS
SM
MD
LG