Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Чинро ба ҳамкорӣ даъват мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Дар тӯли аҳди 8-солаи раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш муносиботи Амрикову Чин бештар ба мавзӯъҳои иқтисодӣ тамаркуз шуда буд.

Дар ҳоле ки худи Буш бисёр бо нармӣ Чинро “рақиби иқтисодӣ” меномид, ҳукуматаш Пекинро дар паст нигоҳ доштани қурби пули миллӣ “юан” айбдор карда, мегуфт, ки аз ин роҳ Чин дар содироти маҳсулоташ имтиёзҳои ноодилона ба даст оварда сабаби бетавозунӣ дар тиҷорати ду кишвар мешавад.

Зимни суханронии дирӯзааш раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дидгоҳи худро ба муносибатҳои тиҷоратии Чину Амрико матраҳ намуда гуфт, ки ин робитаҳо ба иқтисоди ҷаҳон таъсири бузург доранд. Ба ҳамин хотир, афзуд Обама, Пекину Вошингтон бояд ба ҳамоҳангии сиёсатҳои иқтисодии дуҷониба ва бисёрҷонибаашон идома диҳанд.

Дар робита ба алоқаҳои иқтисодӣ Обама дидгоҳашро ба ҳамкориҳои Чину Амрико дар мавзуи тағийри иқлим, низ матраҳ намуда гуфт, “Амрико ва Чин ду бузургтарин муштариёни энержӣ дар ҷаҳон мебошанд. Мо инчунин ду бузургтарин тавлидкунандаи газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҳастем. Биёед иқрор кунем, то даме, ки мо ҳамкорӣ накунем, ҳеҷ кадомамон аз вобастагии афзоишёбанда ба сузишвории хориҷӣ суд намебарад ва наметавонад шаҳрвандонашро аз пайомадҳои сахти тағйри иқлим дифоъ кунад.”

Раҳбари Амрико аз мавзӯъҳои иқтисодӣ ва муҳитзистӣ фаротар рафта гуфт, ки Чину ИМА ҳамчун кишварҳои бонуфузтарини ҷаҳон барои барҳам додани терроризм ва пешгирӣ аз дастёбии гурӯҳҳои ифротӣ, назири “Ал Қоида” ба силоҳӣ атомӣ бояд ҳамкорӣ кунанд.

Амрико ва Чин аллакай таҷрибаи чунин ҳамкориро доранд ва дар гуфтушунидҳои мутаваққифшудаи шашҷониба барои қатъи барномаи ҳастаии Корея Шимолӣ ҳамроҳ ширкат варзиданд. Вошингтон аз Кореяи Шимолӣ даъват намуд, ки ба сари мизи музокирот баргардад, аммо Пхенян то айни ҳол аз ин даъват саркашӣ мекунад.

Обама гуфт, ҳукуматаш мехоҳад барои азсаргирии ин музокирот бо Пекин ҳамкорӣ кунад. Вай афзуд, “на Амрико ва на Чин намехоҳанд, ки террористҳо ба силоҳи ҳастаи соҳиб шаванд ва намехоҳанд, ки сабқати ҳастаӣ дар Осиёи Ҷанубӣ шурӯъ гардад. Ба ҳамин хотир, мо ба ҳамкориамон бояд идома диҳем ва ба ҳадафи орӣ сохтани Нимҷазираи Корея аз силоҳи атомӣ бирасем. Мо бояд ба Кореяи Шимолӣ расонем, ки агар ӯҳдадориҳояшро иҷро кунад, танҳо дар ин сурат амният ва эътибораш тазмин мешавад.”

Дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон низ Обама ба ҳамкори бо Чин даъват намуд.
XS
SM
MD
LG