Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Гейтс ба Теҳрон аз имкони ташдиди таҳримҳо


Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс имкони ташдиди таҳримҳо алайҳи Эронро баъйид намедонад. Дар ҷараёни сафараш ба Урдун, раҳбари Пентагон гуфт, ки агар Теҳрон ба талошҳои ҳукумати Амрико ва ҳампаймонҳояш барои эҳёи музокирот оид ба барномаи ҳастаӣ вокуниш накунад, Вошингтон аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав пуштибонӣ хоҳад кард.
Аз ин пеш Роберт Гейтс масоили марбут ба амнияти минтақа ва, аз ҷумла, қазияи барномаи ҳастаии Эронро бо мақомоти Исроил баррасӣ карда буд. Дирӯз Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз Чин хостори ҳамкории наздиктар бо Амрико дар робита ба ҳаллу фасли қазияи барномаи ҳастаии Эрон шуд.
XS
SM
MD
LG