Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палангбачаи барфиро наҷот доданд


Михел Штефан, роҳбари лоиҳаи олмонии зистмуҳитӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳеҷ гумон надошт, ба муддати чанд рӯз паланги барфии ҳақиқиро дар манзили иҷорааш дар Хоруғ «меҳмондорӣ» хоҳад кард.

Ин палангбача пас аз он, ки як саёҳи шведӣ дар ноҳияи Мурғоб онро тасодуфан дар хаймаи чӯпони маҳаллӣ дида, ба мақомоти ҳифзи муҳитзистӣ хабар додааст, ба Хоруғ оварда шудааст.

Ба гуфтаи Михел Штефан, ҳангоме, ки онҳо Мурғоб сафар карданд, бачаи палангро дар дасти чӯпони маҳаллӣ дар ҳолати ваҳим дарёфтанд. Вай гуфт, палангбача дар як қуттии танг нигоҳдорӣ мешуд ва аз даруни он танҳо осмонро дида метавонист. Штефан афзуд, ки дар муддати бештар аз ду ҳафтаи нигоҳубин «меҳмон»-и онҳо акнун худро беҳтар эҳсос мекунад.

Ба нақли чӯпони маҳаллӣ, вай се моҳ қабл бачаи палангро дар болои санг дар ҳолати сармозадагӣ ва яккаву танҳо ёфта, ба хонааш овардааст. Аммо Ахмет Уметбеков, мутахассиси ҳайвоншиноси созмони олмонӣ дар Хоруғ мегӯяд, ки паланги барфӣ ҳеҷ гоҳ бачаашро намепартояд, вале дар бархе аз ҳолатҳое, ки модар аз иҷборӣ ба ҷойи дур ба шикор баромада, фарзандашро муваққатан дар ҷойе танҳо мегузорад, одамон аз надонистан палангбачаро асир мегиранд.

Вай гуфт, ки аммо паланги барфӣ бачаашро ба ҳаёти мустақилона дар шароити сахти кӯҳистон дар тӯли се сол омода мекунад ва ҳатто муддати кутоҳи маҳрумияти бача аз ҳаёти табиӣ бар асари омилҳои инсонӣ боис мешавад, ки он тобовариро аз даст медиҳад ва дигар наметавонад чун паланги барфии ҳақиқӣ дар шароити кӯҳистон зист кунад.


Дар ҳамин ҳол дар Боғи набототи Помир як хоначаи махсус бунёд гардидааст, ки пас аз чанд рӯз ин палангбача, ки «Помир» ном гирифтааст, дар он ҷой дода шудааст. Ба гуфтаи Ахмет Уметбеков, ин палангбачаро шояд тақдири як ҳамтояш бо номи «Ҷамила» интизор бошад, ки чанд сол қабл дар шароити монанд дар Иссиқкул ба дасти одамон афтодааст.

Вай гуфт, пас аз наҷот ёфтан ин ҳайвони нодир он чун моликияти Қирғизистон ба мақсади афзоиши насл ба бунёди байнулмиллали барқарорсозии насли ҳайвоноти нодир дода шуда, ду палангбачаи дигар аз он ба дунё омаданд. Ё шояд ин паланги барфӣ пас аз чанде як гушаи боғи ҳайвоноти ҷумҳуриро оро хоҳад дод?

Мутахассиси Пажӯҳишгоҳи биолоигии Помир Мамадшо Қадамшоев паланги барфиро яке аз сарватҳои гаронбаҳои кишвар арзёбӣ намуда, мегӯяд, шумори ин ҳайвони нодир дар минтақа ҳамагӣдар ҳудуди 200 сар мебошад.

Масъулини идораи ҳифзи табиати вилоят изҳор доштанд, ки онҳо оид ба тақдири ояндаи «Помир» бо вазорат дар тамос ҳастанд ва бовар доранд, ки бачаи паланги барфӣ дар дасти одамон хор намешавад ва мутахассисону олимон барои ҳифозати он усули аз ҳама роҳаттар барои ин ҳайвони нодирро интихоб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG