Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиши шабонгоҳӣ дар шаҳри Душанбе


Ҷойи таркиши аввал дар кӯчаи Титов, 26-уми июли соли 2009.
Ҷойи таркиши аввал дар кӯчаи Титов, 26-уми июли соли 2009.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари ду инфиҷорро дар ду қисмати Душанбе, пойтахти кишвар, тасдиқ карданд.

Онҳо мегӯянд, таркиши аввал дар маҳалли наздик ба бахши ҳамлу нақли фурудгоҳи Душанбе, ки миёни мардум бо номи "Фурудгоҳи кӯҳна" маъруф аст, дар кӯчаи ба номи Титов, тақрибан байни соатҳои 9 ва 10-и шом ба вуқӯъ пайвастааст.

Бар асари он касе кушта ё захмӣ нашуда, биноҳои атроф зарар дидаанд.

Таркиши дуввум, ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", ки дар бораи он бо такия ба маълумоти мақомоти қудратӣ хабар додааст, соати 3-и шаб дар наздикии меҳмонсарои "Тоҷикистон", дар маркази шаҳр, ба амал омадааст. Ин манбаъ гуфтааст, бомба дар зери арчае дар назди истодгоҳи мошинҳои сайёҳони хориҷӣ гузошта шуда буд.

Бар асари ин таркиш дарахт аз барканда шуда, ба як мошини тамғаи "Лендкрузер" осеб расид. Касе кушта ё захмӣ нашудааст.

Ин таркишҳо дар маҳаллаи "Фурудгоҳи кӯҳна" ва назди меҳмонсарони "Тоҷикистон" дар ҳоле ба амал меоянд, ки чанд ҳафтаи ахир тадбирҳои амниятӣ дар шаҳри Душанбе ва атрофи он таҳким ёфта, масирҳои асосии шаҳр таҳти дидбонии кормандони мусаллаҳи умури дохилӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG