Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Сан Су Чиро аз сар гирифтанд


Дар Мянмар мурофиаи додгоҳии Сан Су Чӣ - раҳбари мухолифини ин кишвар аз сар гирифта шуд. Қарор аст, вакилони дифоъи хонум Сан Су Чӣ, далелҳои ниҳоии худ доир ба бегуноҳии Сан Су Чиро ба додгоҳ пешниҳод кунанд. Барандаи 64-солаи ҷоизаи Нобел ва раҳбари тарафдорони демократия дар Мянмар ба нақзи муқаррароти ҳабси хонагӣ муттаҳам мешавад. Моҳи майи ҳамин сол як шаҳрванди амрикоӣ дар ҳавзи наздик ба хонаи Сан Су Чӣ шино карда, вориди хонаи ӯ шуд. Сан Су Чӣ 13 соли умри худро дар зиндон сипарӣ кардааст. Режими Мянмар дар интихоботи демократии соли 1990 пирӯзии Лигаи миллии демократӣ ба раҳбарии Сан Су Чиро дар интихобот эътироф накард ва Сан Су Чиро ба зиндон андохт.
XS
SM
MD
LG