Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 12 нафар дар хушунатҳои Ҷинзибар


Бино ба хабарҳо, бар асари задухӯрди байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони мусаллаҳ дар ҷараёни як раҳпаймоии ҷудоиталабон дар ҷануби Яман, дастикам 12 нафар кушта шуданд. Тазоҳурот дар Ҷинзибар, 50-километрии шарқи бандари Адан, бо даъвати Тариқ Фазлӣ, ки ҷонибдори аз Ямани шимолӣ ҷудо шудани ҷануби ин кишвар аст, барпо шуда буд.
Шоҳидон мегӯянд, ки сарбозон ба хотири пароканда кардани эътирозгарон аз силоҳ истифода бурданд ва ҳамчунин ба сӯи манзили Тариқ Фазлӣ оташ кушоданд.
Аз моҳи апрел ба ин сӯ дар ҷануби Яман дар натиҷаи хушунатҳо дастикам 36 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG