Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 тоҷик бо 10 кило ҳероин дар Шарқи дур


Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Шарқи дури Русия бо беш аз 10 кило ҳероин дастгир шудаанд. Қочоқбарон ин миқдори бузурги маводи мухаддирро дар як мошини ҷомашӯӣ ва қуттиҳои шарбат пинҳон карда будаанд. Гуфта мешавад, ҳероини мусодирашуда барои беш аз 100 000 “доза” кифоят мекард ва арзишаш дар бозори сиёҳи Шарқи дур наздики 1 миллион доллар будааст.
XS
SM
MD
LG