Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раводиди сафари узбакҳо ва тоҷикҳо ба Русия?


Як мақоми Русия даъват кардааст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон раводиди сафари Русия ҷорӣ карда шавад.

Раҳбари ниҳоди давлатии Русия зидди маводи мухаддир гуфтааст, ҷорӣ кардани раводид ё визаи сафари Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кӯмак хоҳад кард.
Даъвати раводид на бар пояи маводи мухаддир аст, балки як тарс додан аз маҳдудияти сафари муҳоҷирон аст, ки на танҳо ҳазорон хонаводаро дар ин кишварҳои Осиёи Марказӣ мехӯронанд...

Вячеслав Давидов, раиси бахши маскавии Хадамоти федероли назорат бар маводи мухаддир дар Русия, муҳоҷират аз Осиёи Марказиро "сабаби асосии густариши қочоқи маводи мухаддир дар пойтахти Русия" номид.

Вай гуфт, "шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки метавонанд, бе раводиди сафар ва танҳо бо шиносномаҳои худ вориди Русия шаванд, манбаъи асосии нигарониҳо ба шумор мераванд.

Давидов мегӯяд, "ба ақидаи шахсии ӯ, ҷорӣ кардани қоидаҳои нави сафари шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон ба Русия, ба монанди ҳатмӣ кардани раводиди сафар метавонад, вазъиятро дар ин самт беҳтар кунад."

Мақомоти Русия мегӯянд, наздик ба 64 дарсади маводи мухаддире, ки дар Маскав имсол кашфу мусодира шудааст, ба қочоқбарон аз Узбакистон ва Тоҷикистон мансуб будаст.

Изҳороти Давидов дар ҳоле садо медиҳад, ки равобити Русия бо Узбакистон як андоза сард шудааст. Ва барои бознигарию баррасии муносибатҳои Русия бо Тоҷикистон, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев охири ин моҳ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назрӣ мегӯяд, дарвоқеъ ин ақидаи шахсии касоне мебошад, ки чунин даъватҳоро ба миён мегузоранд.

"Дар мукотиба, ҳангоми мулоқоту сӯҳбат ё гуфтшунидҳо тарафи Русия ягон бор расман ин масъаларо матраҳ накардааст. Гоҳ-гоҳ дар баъзе аз васоити ахбори ом баъзе шахсон ба ин масъала рӯй меоранд ва даъватҳое мекунанд ва ба назари ман, ин фикри шахсии худи онҳост."

Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, афзуд, ин бори аввал нест, ки чунин пешниҳодҳо аз тарафи ашхоси алоҳида садо медиҳанд.

Дарвоқеъ, соле пеш раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский ва аз ӯ пештар бархе аз вакилони Думаи давлатии Русия дар имён гузошта буданд. Ҳарчанд замони пешниҳоди Ромадановский хосияте надорад, вакилони порлумони Русия дар давраи баҳсҳои марбут ба хуруҷи марзбонони рус аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар охили соли 2004 ин талабро дар миён гузоштанд, ки дафъатан як фишори исёсӣ ба Душанбе унвон шуд.

Сиёсатшиносон дар аксар маврид ангезаи сиёсӣ доштани масъалаи раводидро рад намекунанд.

Барои намуна, Узбакистон аз соли 2000-ум барои ҳамсоягони худ раводиди сафар ҷорӣ кард, аммо пас аз узвияташ дар Созмони ҳамкориҳои Авруосиё мебоист, ин қоидаро лағв мекард.

Ба ҷои ин дар аввалҳои соли 2007 танҳо барои шаҳрвандони Қирқизистон сабукие дода, раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро бетағйир гузошт. Дар давраҳои нармиши муносибатҳо байни Тошканд ва Душанбе сафирону вазирони ду тараф мегуфтанд, ба лағв шудани режими раводид хушбинанд, аммо ба зудӣ сардие пеш меомад ва мушкил барои баёнияҳои оянда боқӣ мемонд.

Ин бор худи Узбакистон ҳам дар як қатор бо Тоҷикистон дар изҳороти давлатмарди Русия дар робита ба ҷорӣ кардани раводид номбар гардид.

Артём Улунян аз Пажӯҳишгоҳи таърихи ҷаҳон дар Маскав мегӯяд, ин бор ҳам аз даъвати мақоми рус бӯйи сиёсат меояд, Вай меафзояд, ин изҳорот на танҳо дар ростои сафари раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон, балки дар ҳоле садо медиҳад, Душанбе талош дорад, муносибатҳояшро бо Аврупо ва куллан кишварҳои дигар густариш диҳад.

Улунян мегӯяд, "бо Узбакистон ҳам айни ҳолат пеш омадааст. Тошканд на танҳо дар пайи таҳиким равобиташ бо Ғарб аст, балки Иттиҳоди Аврупо саркашиҳои Узбакистонро пас аз рӯйдодҳои соли 2005-и Андиҷон бахшидааст ва гузашта аз ин Тошканд аз талошҳои Русия дар таъсиси Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъ ошкоро канора ҷуст ва ҳамчунин Русия дар баробари баҳсҳои обу энержии минтақа қарор дорад. Даъвати раводид на бар пояи маводи мухаддир аст, балки як тарс додан аз маҳдудияти сафари муҳоҷирон аст, ки на танҳо ҳазорон хонаводаро дар ин кишварҳои Осиёи Марказӣ мехӯронанд, балки ба иқтисодиёти ин мамолик низ фоидаи зиёд меоранд."

Дар ҳамин ҳол як хонандаи сомонаи интернетии "Озодӣ" менависанд, Русия ҳеҷ гуна раводиди сафар ҷорӣ нахоҳад кард, зеро ба нерӯи арзони муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон ниёз дорад.

Аммо хонандаи дигар менависад, дар ниҳояти амр ин кори худи Русия хоҳад буд, ки мехоҳад муҳоҷиратро маҳдуд кунад ё густариш диҳад.
XS
SM
MD
LG