Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон шурӯъ шуд


Раъйгирӣ дар Қирғизистон ба хотири интихоби раисиҷумҳури ҷадид оғоз ёфт. Барои ширкат дар ин интихоботи раёсатҷумҳурӣ 6 номзад вориди сақбқат шудаанд, вале интизор меравад, ки ин маърака бо пирӯзии раисиҷумҳури феълии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев анҷом шавад. Боқиев бори аввал соли 2005 дар интихоботе ба қудрат расид, ки нозирони Ғарб озоду одилона баҳояш дода буданд. Вале ин дафъа ӯ ба саркӯб кардани дигарандешон муттаҳам мешавад. Дар пешорӯи интихобот тадобири амниятӣ дар саросари Қирғизистон тақвият ёфта, ба манзури таъмини тартибот 5000 афсар басиҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG