Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 сарбози хориҷӣ дар Ҳилманди Афғонистон


Бар асари инфиҷорҳои бомб дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ду сарбози амрикоӣ ва як бритониёӣ кушта шуданд.
Вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон маҳалли амалиёти густардаи нирӯҳои дарёии Амрикост ва дар ин амалиёт ҳудуди 4 000 маллоҳи амрикоӣ ширкат доранд.
Ҳалокати ин се сарбоз шумори асокири кушташудаи хориҷӣ дар Афғонистон дар моҳи июлро ба 58 нафар мерасонад. Моҳи июл алакай пурқурбонитарин моҳ барои нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон дониста шудааст.
XS
SM
MD
LG