Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон имрӯз интихобот барпо мекунад


Имрӯз дар Қирғизистон интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ доир мешавад. Барои дарёфти ин мақом 6 номзад вориди корзор шудаанд, вале интизор меравад, ки дар ин маърака раисиҷумҳури феълии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев баранда шавад. Боқиев бори аввал соли 2005 дар интихоботе ба қудрат расид, ки нозирони Ғарб озоду одилона баҳояш дода буданд. Вале ин дафъа ӯ ба саркӯб кардани дигарандешон муттаҳам мешавад. Дар пешорӯи интихобот тадобири амниятӣ дар саросари Қирғизистон тақвият ёфта, ба манзури таъмини тартибот 5000 маъмури интизомӣ басиҷ шудаанд ва дар манотиқи марзии водии ошӯбзои Фарғона чораҳои фавқулоддаи амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG