Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ зиёратгари эронӣ дар Ироқ


Дар Ироқ панҷ тан аз зойирини эронӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, имрӯз афроди мусаллаҳи ношинос дар канори шаҳри Бақуба, воқеъ дар шимоли Бағдод, сӯи автобусе оташ кушоданд, ки тақрибан 30 нафарро ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси Ироқ мебурд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Рӯзи сешанбе бар асари инфиҷору ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ беш аз 20 нафар кушта шудаанд ва ин пурқурбонитарин рӯз баъди шаҳрҳои бузурги кишварро тарк намудани низомиёни амрикоӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG