Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Ҳолбрук аз сарнавишти беҷошудагони Свот


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистон ва Покистон, имрӯз дар Исломобод бо мақомоти Покистон музокирот анҷом медиҳад. Мавзӯъи аслии ин гуфтушунидҳо – кумак ба тақрибан 2 миллион паноҳандаест, ки бар асари амалиёти густардаи низомии артиши Покистон алайҳи ҷунбиши “Толибон” минтақаи Свот, воқеъ дар шимолу ғарби кишварро тарк намуданд. Ричард Ҳолбрук аллакай бо сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ музокирот кард ва гуфтушуниди ӯ бо раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ ва низомиёни воломақоми ин кишвар дар назар аст.
Дар ҳоле, ки сафари Ҳолбрук ба Покистон идома дорад, рӯзномаи New York Times дар бораи нигарониҳои Исломобод аз густариши амалиёти низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон матлабе нашр кард. Мақомоти Покистон аз он дар ташвишанд, ки ин амалиёт боиси вуруди аъзои гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Покистон мегардад.
XS
SM
MD
LG