Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Ҷекобсон ба интихоботи ояндаи Тоҷикистон


Трейси Ҷекобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфт, интихоботи порлумонии соли 2010 имтиҳони демократия дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Хонум Ҷейкобсон ин рӯзро як рӯзи вижа дар тақвими рушди демократия дар Тоҷикистон арзёбӣ карда, афзуд, тарзи гузаронидани интихоботи порлумонии феврали соли 2010 имтиҳони бузургест барои сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт.

Сафири ИМА аз қавли Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки интихоботи парлумонии оянда беҳтарин интихоботи даврони истиқлолияти кишвараш хоҳад буд. Хонум Ҷейкобсон гуфт, вай ба ин суханон бовар дорад.

Имрӯз, рӯзи 22 июл, рӯзи охирини фаъолияти Трейси Ҷекобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон мебошад.

Охирин сӯҳбати ӯро дар барномаи навбатии гуфторҳои Радиои Озодӣ хоҳед шунид ва матни онро пас аз чанде дар ин сомона хоҳед хонд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG