Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз барномаҳои ҳастаии Пхенян ва Теҳрон


Агар Эрон аз барномаи ҳастаии худ даст набардорад, ИМА дар навсозии системи дифоъии кишварҳои ҳампаймонашон дар минтақа саҳм хоҳанд гирифт. Изҳороти Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико дар ин бора имрӯз дар ҷараёни сафараш ба Тайланд садо дод. Ҳамзамон хонум Клинтон гуфт, ки Вошингтон хостори музокирот бо Теҳрон боқӣ хоҳанд монд.
Котиби давлатии Амрико, ки имрӯз дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Анҷумани давлатҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ (АСЕАН) ширкат хоҳад кард, қаблан аз имкони аз сӯи Кореяи Шимолӣ дар ихтиёри Мянмар вогузоштани технологияи ҳастаӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Қарор аст, ки имрӯз Ҳилларӣ Клинтон бо ҳамтоҳояш аз Чин, Ҷопон, Русия ва Кореяи ҷанубӣ дидору гуфтугӯ кунад. Мавзӯъи аслии ин сӯҳбатҳо – мутмаин сохтани Кореяи шимолӣ барои даст бардоштан аз барномаи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG