Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ба Афғонистон сарбоз мефиристад


Вазири дифоъи Арманистон гуфт, ин кишвари шӯравии собиқ то поёни соли ҷорӣ ба Афғонистон сарбоз мефиристад. Сейрон Оганиён гуфт, Ереван мавзӯъи истиқрори нирӯҳояш дар Афғонистонро бо Олмон баррасӣ мекунад, аммо ӯ нагуфт, ки сухан дар бораи эъзоми чанд сарбози арманӣ ба ҳайъати нирӯҳои таҳти фармони паймони НАТО меравад.
Арманистон дар Ироқ ҳудуди 50 сарбоз дошт, вале дар авоили соли равон сарбозонашро аз он кишвар берун кашид.
XS
SM
MD
LG