Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден аз Украина озими Гурҷистон мешавад


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден боздидаш аз Украинаро анҷом дода, акнун озими Гурҷистон мешавад.
Байден рӯзи сешанбе дар Киев ба раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко гуфт, ки Амрико аз ҳаққи Украина барои пайвастан ба ҳар паймоне, ки мехоҳад, пуштибонӣ мекунад. Юшенко ба навбаи худ Украинаро кишвари аврупоие номид, ки дар он “қоидаҳои демократия” амал мекунанд.
Намояндаи Русия дар паймони низомии НАТО Дмитрий Рогозин аммо сафари Ҷо Байден ба Украинаву Гурҷистонро ба боди мазаммат кашид ва гуфт, ин сафар ба хотири таскин додани он ду кишварест, ки ба эътиқоди оқои Рогозин, ягон шонси ба ин зудиҳо пайвастан ба НАТО-ро надоранд.

XS
SM
MD
LG