Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни ҳифзи ҳаққи занон дар Афғонистон


Ба зудӣ дар Афғонистон касе ки занонро аз ҳаққи таҳсил ё кор маҳрум мекунад ва ё намегузорад, ки ба назди пизишк раванд, равонаи зиндон хоҳад шуд.

Қонуни нав, ки порлумон акнун бояд ба тасвиб расонад, нақзи ҳуқуқи занонро амали ҷиноӣ дониста, барои ин аз товону ҷарима гирифта, то зиндон ҷазо муқаррар хоҳад кард.
Онҳое, ки ин тарҳро омода кардаанд, воқеъияти Афғонистонро тамоман нодида гирифтаанд. Ман бовар надорам, ягон зан аз полис даъват кунад, ки оилаи ӯро барои надодани иҷозаи кор ҷазо диҳад...

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Афғонистон ва берун аз он аз тарҳи нав истиқбол карданд ва мегӯянд, ин қонун дар ҳифзи ҳуқуқи занон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Ба таври куллӣ вазъи занону духтарон дар Афғонистон пас аз барканории Толибон аз қудрат дар ин кишвар хеле беҳтар шудааст. Дар ҳоле ки дар замони Толибон ин бахши аҳолӣ аз одитарин ҳуқуқ маҳрум буд, акнун миллионҳо зану духтар ба мактаб ва коргоҳҳо баргаштаанд.

Фотеҳ Муҳаммад, собиқ муҷоҳид ва акнун яке аз кишоварзони вилояти шимолии Балх мегӯяд, зимнан муносибати ҷомеа ба занон низ тағйир кардааст ва агар ҳамагӣ чанд сол пеш дар нақши сиёсатмадор тасаввур кардани зане ғайримумкин буд, ҳоло ширкати занон дар интихобот як падиди одӣ мебошад.

Аммо на ҳама монанди Фотеҳ Муҳаммад, ки дар шимоли нисбатан амн ва аҳолияш начандон муҳофизакор ба сар мебарад, дар ин масъала хушбинанд.

Зери номи "Сукут ҳам хушунат аст" Кумиссионери олии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндагии кӯмакрасони СМ дар Афғонистон аввали ин моҳ гузоришеро нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад, тибқи ақидаи маъмул дар кишвар, "ба занону духтарон ҳамчун афроди дорои ҳуқуқи зотӣ арҷ гузошта намешавад."

"Ширкати занон дар ҳаёти ҷомеа бо таҳдид, таҳқир ва ҳамла рӯбарӯст", ки "ба занон паёми қавӣ мефиристад, то дар хона биншинанд." Ин, гуфта мешавад дар гузориш, бо пешрафти Афғонистон, ки ҳадафи ҳукумат ва пуштибонони байнулмилалии он эълон шудааст, ҳамнаво нест.

Дар ҷомеаи амиқан мазҳабии Афғонистон бисёриҳо ба таҳсил ва кори занон бо эҳтиёт менигаранд. Нақши зан дар ҷомеа ғолибан бо кори хона ва тарбияи атфол маҳдуд мешавад.

Зиёда аз 50 дарсади духтарон дар Афғонистон пеш аз синни қонунии 16-солагӣ издивоҷ мекунанд ва шавҳари ононро хешовандонашон муайян менамоянд. Дар оила онҳо аксаран ҳадафи хушунат қарор мегиранд.

Асадуллоҳ, сокини 50-солаи вилояти ҷанубии Ҳилманд мегӯяд, ҳеҷ қонун ё дастури расмие қодир нахоҳад буд, ба сари худ анъанаҳои ҳазорсола ё мафкураи одамонро дигар кунад.

Вай меафзояд, "онҳое, ки ин тарҳро омода кардаанд, воқеъияти Афғонистонро тамоман нодида гирифтаанд. Ман бовар надорам, ягон зан аз полис даъват кунад, ки оилаи ӯро барои надодани иҷозаи кор ҷазо диҳад."

Шукрия Борикзай
Яке аз муаллифони тарҳ, узви порлумони Афғонистон ва аз ҳомии ҳуқуқи зан дар ин кишвар, Шукрия Борикзай розист, ки иҷрои қонуни нав, пас аз гузаштани он аз порлумон ва имзо шуданаш аз тарафи раисиҷумҳур Ҳомид Карзай як мушкили ҷиддие хоҳад буд.

Борикзай мегӯяд, ҳукумат, фаъолони ҳуқуқи инсон ва рӯшанфикрон бояд ба шикастани табуҳои кӯҳна талош кунанд ва нигоҳ ба нақши иҷтимоии занро тағйир диҳанд.

"Дар он сурат, мардуми Афғонистон низ қадам ба қадам муносибати навро ба ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ёд хоҳанд гирифт ва қабул хоҳанд кард." мегӯяд Борикзай.
XS
SM
MD
LG