Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи гузориш дар бораи Гуантанамо ба таъхир уфтод


Таҳияи гузориши аслӣ дар бораи маҳбусони зиндони пойгоҳи Гуанатанамо шояд мавқуф гузошта шавад. Ба иттилоъи Кохи Сафед, ин гузориш бояд марҳалаи муҳим дар татбиқи тарҳи раисиҷумҳур Барак Обама барои бастани ин маҳбас гардад. Дар гузориши муқаддамотии ахиран нашршудаи комиссиюни ҳукуматӣ гуфта шудааст, ки имкони баргузории мурофиаҳои додгоҳӣ алайҳи гумонбарони терроризм дар қаламрави ИМА ва ҳамчунин интиқоли гумонбарон ба дигар кишварҳо баррасӣ мешавад. Ва аммо дар ин санад мӯҳлати баргузории ин мурофиаҳо мушаххас нашудааст.
Ҳамчунин нашри гузориши ниҳоӣ дар бораи тағйири тарзу услуби бозпурсии маҳбусон барои ду моҳ мавқуф гузошта шудааст. Барак Обама ваъда додааст, ки то моҳи январи соли 2010 маҳбас дар пойгоҳи низомии Гуантанаморо мебандад.
XS
SM
MD
LG