Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори мубталоёни ВИЧ 19 фоиз бештар шудааст


Идораи Ожонсии мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд мегӯяд, теъдоди мубталоён ба ВИЧ- вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД дар шимоли Тоҷикистон имсол 19 дарсади дигар афзудааст. Раҳбари дафтари вилоятии ин ожонсӣ Файзулло Абдуллоев гуфт, феълан дар вилояти Суғд 394 нафари гирифтор ба ин вирус сабти ном шудааст.
Аммо таҳлилгарон шумори воқеъии гирифторон ба ВИЧ-ро назар ба омори расмӣ ба маротиб бештар ҳисоб мекунанд.
Мӯътодони маводи мухаддир ва танфурӯшон ду қишри осебпазир дар баробари ибтило ба ин маризӣ дониста мешавад. Аммо ба назари коршиносон, теъдоди гирифторон ба ВИЧ дар байни муҳоҷирони корӣ низ рӯ ба афзоиш овардааст.
XS
SM
MD
LG