Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ояндаи Тоҷикистон


Бисёре аз ҷавонони тоҷик орзу мекунанд, президенти Тоҷикистон шаванд, вале ба амалӣ шудани орзуи хеш бовар надоранд.

Нуралӣ Табаров, омӯзгори ҷавон, мегӯяд, мехоҳад дар оянда президенти ҷумҳурӣ шавад, вале ба ин орзуи хеш боварӣ надорад. Зеро ҳоло, меафзояд ҳамсӯҳбатам, барои гузаштани марҳилаҳои муаррифӣ дар ҷомеа ҳам қудрати молӣ ва ҳам маънавӣ даркор аст, аммо ӯ аз ҳар ду ҷониб заъфият дорад.

Ҷамила, як хонуми ҷавон, мегӯяд, ҷавонони тоҷик тавон доранд, ки барои ватан ва миллати худашон хидмат кунанд ва барои ҷойгузин шудан ба маснади президентӣ арзанда ҳастанд. Вале бо назардошти вазъи мавҷуда талош доранд, ки авлавиятро ба таъминоти вазъи моддии хонаводаашон диҳанд.

Интихоботҳои ғайришаффоф, шахсиятпарастӣ, маҳалгароӣ, фақр, хешутаборбозӣ, бозиҳои сиёсии гурӯҳҳо ва рақобатҳои ғайрисолим миёни элитаҳои сиёсӣ боиси дилмондагии ҷавонони тоҷик барои довталабӣ ва талош барои мақоми президентӣ шудааст...
Ба гуфтаи вай, баргузории интихоботҳои ғайришаффоф, шахсиятпарастӣ, маҳалгароӣ, фақри иқтисодӣ, хешутаборбозӣ, бозиҳои сиёсии гурӯҳҳо ва рақобатҳои ғайрисолим миёни элитаҳои сиёсӣ боиси дилмондагии ҷавонони тоҷик барои довталабӣ ва талош барои мақоми президентӣ шудааст.

Ҷамила мегӯяд, «вақте ки руҳияи ҷавононро мешикананд, равияҳои гуногун ба осонӣ аз онҳо истифода мебаранд. Вақте руҳияи ҷавонҳои тоҷикро мешикананд, онҳоро зидди мукаддасоти милливу инсонӣ ва суботу амнияти кишвар шӯрондан осон аст».

Ба гуфтаи Ҷамила, дар ҷомеае, ки ҷавонони фитран арзанда аз тарафи давлат дастгирӣ намеёбанд ва дар ҳолати фақр ва вазъи ногувор қарор доранд, ин боиси он мегардад, ки бештар ба дигар кишварҳо ҳиҷрат намоянд.

Дар ҳоли ҳозир хотирнишон кардани узви ҷавонтарини ҳукумати Тоҷикистон кори осон нест. Моҳи январи соли ҷори сарвазири Русия Владимир Путин духтари бародари хеш ва писари Борис Гризнёв, раиси Думаи давлатии Русияро ба ҳукумат шомил кард. Дар Тоҷикистон писари калонии Эмомалӣ Раҳмон Рустами Эмомалӣ чанд моҳ пеш ба вазифаи ҷонишини Иттифоқи ҷавонон таъин шуд.

Рустам ҳамзамон дар Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ вазифаи сардори шӯъбаи сармоягузории хориҷиро ба ӯҳда дорад, аммо то ҳанӯз маълум нест, ки аз ин ду вазифа кадоме барои рушди корномаи сиёсии дурнамои Рустам муносибтар аст. Вале ба ҳар сурат ҷонишинии раиси Иттифоқи ҷавонон шонси хуб аст барои довталабӣ ба мансаби президентӣ. Ва маълум нест, ки ба ин вазифа Рустам тариқи озмун алтернатив гузаштааст ва ё ташаббуси дигар.

Хуршед Қодиров, таҳлилгари сиёсӣ, яке аз он нафароне аст, ки дар хурди ният доштааст, ки президент мешавад. Аммо ҳоло аз раъйи хеш гардидаву мехоҳад, ки танҳо сиёсатмадор дар саҳнаи сиёсӣ боқӣ монад. Ба гуфти Хуршед, имрӯз ҷавонҳои тоҷик танҳо дар андешаи дарёфти маблағ ва гузаронидани оддитарин рӯзгори хеш мебошанд, чӣ расад ба талошҳо ва рушди малакаҳои фитрӣ ва зеҳни барои президент шудан.

Вай мегӯяд, «ҳоло ҷавонҳо танҳо дар фикри вазъи иқтисодии худ ҳастанд. Бархе аз ҷавонон дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд ва худро зина ба зина шакл медиҳанд. Ин ҷавонҳо онҳое ҳастанд, ки падару модарашон, ҳаммаҳаллашон ва ё ягон хешу таборашон дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд».

Соҳибназарон иброз медоранд, ки вазъи мавҷудаи сиёсии кишвар то даҳсолаи дигар шароити ташаккул додани шахсиятро дар Тоҷикистон барҳам задааст. Бахусус бозиҳаи пасипардагии саҳнаи сиёсии кишвар боиси он шудааст, ки ҷавонон ба сиёсат аз диди манфӣ баҳо медиҳанд ва худро аз шахсияти сиёсӣ шудан дарканор мегиранд.
XS
SM
MD
LG