Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ бори дигар ангушти иттиҳом сӯи Ғарб кард


Оятуллоҳ Алӣ Хоманей, раҳбари мазҳабии Эрон, бори дигар кишварҳои хориҷиро дар ташкили бӯҳрон баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ айбдор кард. Дар суханронӣ дар назди мансабдорони эронӣ, ӯ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ рад шудани иттиҳоми Теҳрон дар мавриди дахолаташон ба умури Эронро “шармандагӣ” номид.
Аз ин пеш Муҳаммад Хотамӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон, бо пахши як баёния хостори баргузории раъйпурсӣ оид ба қонунияти ҳукумати феълӣ гардид. Ба гуфтаи ӯ, фақат ба васила метавон ба бӯҳрони баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ бавуқуъпайваста хотима гузошт.
Дар ҳамин ҳол Исфандиёр Раҳим Мошоӣ, муовини раисиҷумҳури Эрон, иттилоъи хабаргузориҳо дар бораи истеъфояшро рад кард. Дар торномаи интернетии Мошоӣ гуфта шудааст, иттилоъ дар ин бора дурӯғе буд, ки аз сӯи “душманони ҳукумат паҳн шудааст". Рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии давлати инглисзабони Press-TV хабар дод, ки Мошоӣ, қудои раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод, се рӯз баъд аз пазируфта шуданаш дар мақоми нойиби раисиҷумҳур, бар асари ошкор шудани пайванди хешутаборияш бо Аҳмадинажод аз мақомаш истеъфо додааст. Мошоӣ соли гузашта барои гуфтаҳояш дар бораи он ки Эрон дӯсти мардуми Исроил аст, ҳадафи танқиди муҳофизакорон ва, аз ҷумла, раҳбари рӯҳонии кишвар Оятулло Алӣ Хоманей қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG