Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Индонезӣ навъи маводи мунфаҷираро ошкор кард


Ба иттилоъи полиси Инденезӣ, дар ду инфиҷор дар канори меҳмонсароҳои шаҳри Ҷакарта маводи таркандае истифода шудааст, ки қаблан аз он дар ҳамлаҳои террористӣ гурӯҳи “Ҷамоаи исломӣ” истифода карда буд. Рӯзи ҷумъаи гузашта бар асари инфиҷорҳои маргталабона дар канори меҳмонсароҳои Ritz-Carlton ва Marriott 7 нафар кушта ва 50 нафар маҷрӯҳ шуданд. Полис мегӯяд, як бомби дигари дар канори меҳмонсарои Marriott ошкоршуда ба бомбҳое шабоҳат дорад, ки террористҳо соли 2005 дар ҳамла ба фароғатгоҳи Балӣ истифода карда буданд. Дар он ҳодиса 20 нафар ба ҳалокат расида, 129 нафар ҷароҳат бардошта буданд.
XS
SM
MD
LG