Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол бар сари мақоми қудои Аҳмадинажод


Аҳмадинажод ва Мошоӣ
Аҳмадинажод ва Мошоӣ

Раисиҷумҳури Эрон талош кард, муттаҳид ва хеши наздикашро ноиби аввали раисиҷумҳур таъйин кунад, вале ба боди интиқод рӯбарӯ шуд.

Бино ба хабарҳо, ҷиноҳи тундравони Эрон иқдоми раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро, ки мехоҳад як муттаҳид ва хеши наздикашро ба симати ноиби аввали раёсатҷумҳурӣ таъйин кунад, ба чолиш кашидаанд.

Дар воқеъ, Писари Исфандиёр Раҳими Мошоӣ ба яке аз се духтари Аҳмадинажод хонадор шудааст ва ӯ соли гузашта ба маҳзи як ҳарфаш, ки гуфт, Эрон дӯсти мардуми Исроил аст, мавриди мазаммату интиқодоти шадид қарор гирифта буд. Оятуллоҳи муҳофизакор Аҳмад Хотамӣ гуфтааст, Аҳмадинажод бо интисоби Мошоӣ ба рӯҳониён ва хибрагон ду рӯй доштанашро намоиш дод.

Аммо охирин хабари расида дар ин робита аз шабакаи расмии ПрессТиВии Эрон аст, ки мегӯяд, Исфандиёр Раҳими Мошоӣ ба дунболи бурузи ин ҷанҷол истеъфо додааст ва дигар хостори мақоми ноибии раисиҷумҳур нест. Аммо ин хабар то ҳол расман таъйид нашудааст.

Ин нахустин ҷанҷоли омада бар сари Маҳмуди Аҳмадинажод бо иттиҳоми ба курсиҳои муҳим нишондани афроди наздикаш нест. Аҳмадинажод дар интихоботи баҳсбарангези рӯзи 12 июн барои бори дуввуми раисиҷумҳури Эрон интихоб шуд. Аммо рақибони ӯ дар ин интихобот аз ҷиноҳҳои ислоҳталаб - Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ - пирӯзии Аҳмадинажодро то ҳол эътироф накардаанд. Эълони пирӯзии Аҳмадинажод боиси бурузи эътирозоти густурдае дар Эрон шуд, ки ба гуфтаи нозирон, аз замони инқилоби исломии соли 1979 собиқа надоштааст.
XS
SM
MD
LG