Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи зидди ширкати Nokia дар Эрон


Бисёре аз эрониҳо дигар телефони Nokia намехаранд ва ҳатто талош доранд, аз чунин дастгоҳҳои худ ҳарчӣ зудтар халос шаванд.

Гуфта мешавад, дар Эрон як маъракаи зидди ширкати Nokia шурӯъ шудааст, ки гуфта мешавад ҳукумати Ҷумҳурии Исломиро бо як "маркази назоратӣ" таъмин кардааст, ки хадамоти амниятии ин кишварро имкони шунидани гуфтугӯҳои телефонии муштариён ва пайгирии паёмҳои телефонӣ ё СМС-ҳо медиҳад.
Вақте мо бо фурӯши шабакаҳо, бо фурӯши ҳама гуна шабакаҳо дар ҷаҳон машғул мешавем, медонем, ки ҳар нафари идоракунандаи ин шабака амалан тавони гӯш кардани сӯҳбатҳоро дар саросари ин шабака дорад...

Эcҳони 26-сола ҳарчанд соҳиби телефони ҳамроҳи навъи Nokia нест, аммо чандин ҳафтаи охир одат дорад дӯстонашро аз харидории моли ин кишвар ҳушдор бидиҳад. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт шод аст, ки тавонистааст ба Nokia хисороте ворид кунад, чунки ин ширкатро дар пахшу маҳдудкунии озодиҳо муттаҳам медонад.

Як нашрияи мӯътадили "Эътимоди миллӣ" хабар дод, ки аксар эрониҳо Nokia-ро барои он таҳрим кардаанд, ки ба режими Ҷумҳурии Исломӣ имкони гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии муштариёнро фароҳам овардааст. Ин боис шуда, ки ҳоло дар бозори дохилии Эрон қимати моли ширкати Nokia ба маротиб кам шуда илова ба ин, соҳибони моделҳои қадимаи ин телефонҳо аз дастгоҳҳои худ халос шуда муштарии ширкатҳои дигар мешаванд.

Як хабарнигори теҳронӣ Ҳодии Нилӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ дар бораи вуҷуди чунин як таҳрими ҷамъиятии Nokia шунидааст, вале дар асл таъйиди ин хабар ва овардани омор кори осон нест.

Ба бовари оқои Нилӣ моли Nokia бояд ҳамоно хушхаридтарин мол барои эрониҳо бошад. Ҳафтаномаи "Дунёи иқтисод" рӯзи душанбе гузориш дод, ки навъи Nokia 5800 Xpress Music дар сархати феҳрасти пурфурӯштарин телефонҳои инрӯзҳо дар Эрон қарор дорад.

Як зани 37-солаи дигари соҳиби телефони Nokia дар Теҳрон гуфт, ки вай дар бораи таҳрими ин ширкат дар Эрон чизе нашунидааст. Вале вай гуфт аз он ки эҳтимолан ҳукуматиҳо тавони шунидани гуфтугӯҳои телефонии ӯ ва пайгирии СМС-ҳояшро доранд, нохушнуд аст. Вале агар ҳам ин гап ҳақиқат дошта бошад, вай ҳоло наметавонад аз ин дастгоҳ даст кашад, чунки барояш харидории телефони нави ҳамроҳ ғайриимкон аст.

Хабари таҳрими ширкати Nokia дар Эрон баъди он пахш шуд, ки дар расонаҳои ин кишвар дар бораи бо як "маркази назоратӣ" таъмин шудани ҳукумат аз ҷониби ин ширкат хабарҳо пахш шуд. Рӯзи 22 июн Wall Street Journal хабар дод, ки ин марказ бахше аз созишномаи соли 2008-ум бо ҳукумати Эрон аст, ки дар чаҳорчӯби он ҳукумат бояд соҳиби шабакаи фанновариҳои Nokia шавад.

Бен Рум, як сухангӯи корхонаи муштараки Nokia ва Siemens, ки Эронро бо дастгоҳҳои назоратӣ таъмин кардааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин ҳама як бахши маъмулии дастгоҳҳои онҳо мебошад: "Вақте мо бо фурӯши шабакаҳо, бо фурӯши ҳама гуна шабакаҳо дар ҷаҳон машғул мешавем, медонем, ки ҳар нафари идоракунандаи ин шабака амалан тавони гӯш кардани сӯҳбатҳоро дар саросари ин шабака дорад".

Фанновариҳои ширкати Nokia ба ҳукумати Эрон имкон медиҳад, ки аз сӯҳбатҳои телефониву паёмҳои СМС-ии нафарони мавриди назар пайгирӣ карда барои саркӯби мухолифин аз онҳо истифода кунад.

Рӯшанфикрони эронӣ мӯътақиданд, ки дар саркӯбҳои ахиру фишорҳо болои мухолифин дар дохили Эрон аз ин фанновариҳои мухобиротӣ фаровон истифода шудааст.

Чанд боздоштшудаи пешин дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҷараёни бозпурсиҳо аз онҳо дар бораи мушшахасоти сӯҳбатҳои телефонии онҳову СМС-ҳо суол кардаанд.

Дар як блоги интернетии даъваткунанда ба таҳрими моли Nokia шиори ин ширкат, ки мегӯяд "пайвасткунандаи мардум" аст, ба "зиндонкунандаи мардум" табдил дода шудааст. Дар Facebook як аксе гузошта шудааст, ки телефони Nokia-ро бо ду гӯш тасвир мекунаду зери он чунин ҳарфҳоро хондан мумкин аст: "Ҳеҷ кас танҳо нест".

Сухангӯи корхонаи Nokia ва Siemens оқои Рум гуфт, ки ин ширкат ҳангоми интихоби маҳали кору тиҷорат кишвари мавриди корро хеле бодиққат интихоб мекунад: "Мисли ҳама дигар ширкатҳои байналмилалӣ мо ба сиёсатмадорони ҷаҳонӣ дар масъалаи тарзи пешбурди тиҷорат такя мекунем, яъне ба ҳукумати кишварҳое, ки дар он дафтарҳои аслии кории мо ҷойгиранд, мисли Финландияву Олмон, Иттиҳодияи Аврупову Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва ё муқаррароти СММ гӯш медиҳем. Аз ин хотир, мо бо шабакаҳои мухобиротӣ ба кишварҳои мисли Кореяи Шимолӣ ва ё Бурма тиҷорат намекунем. Мо аз дохили ин кишварҳо иттилои хеле кам дарёфт мекунем".

Дар паи интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии Эрон, ки 12 июн бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид, намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ хиёбонҳои аслии Теҳронро фаро гирифт ва яке аз аввалин коре, ки мақомот карданд, базудӣ расонаҳои хориҷиро аз пахшу пайгирии ин рӯйдодҳо манъ карданд.

Дар натиҷа маълумоту хабарҳо аз дохили ин кишвар роҷеъ ба рӯйдодҳои он рӯзҳо тавассути телефонҳои мобил ба берун роҳ ёфта ба шакли аксу наворҳои видеоӣ низ да Интернет зуҳур кард. Зимнан, бисёри ин навору аксҳо тавассути ҳамин телефонҳои Nokia фиристода шудааст.

Як ҷавони эронӣ гуфт, ки дар чунин шароит мардум бояд мисли ҳамеша фиристодани маълумоту аксу наворҳоро тавассути телефонҳои худ ба берун идома диҳанд, вале ҳамзамон бояд ба ширкати Nokia фишор оваранд, ки ҳамкориашро бо Эрон хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG