Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии корманди сафорати Бритониё аз зиндони Эвин


Мақомоти Эрон рӯзи якшанбе як корманди маҳаллии сафорати Бритониёро баъд аз 3 ҳафтаи боздошт дар ивази пули гарав аз маҳбаси Эвин дар Теҳрон озод карданд. Вакили дифоъи Ҳусейни Рассом қаблан гуфта буд, ки ба манзури раҳоии ӯ 100 000 доллар гаравпулӣ пардохт шудааст.
Ҳусейни Рассом рӯзи 27 июн ҳамроҳ бо 8 корманди дигари сафорати Бритониё бо иттиҳоми дахолат дар эътирозҳое, ки Теҳронро дар пайи эълони натоиҷи интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эрон фаро гирифт, боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG