Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пойгаи" президентҳои Муштарак-ул-Манофеъ


Дар пойгаи марказии шаҳри Маскав дар баробари раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев инчунин президентҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва раҳбарони ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубиву Абхозистон ширкат мекунанд. Яке аз муҳимтарин ҷоизаҳои пойгаи имрӯза "Мукофоти президенти Русия" ном дорад. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки дар ҷараёни ин сабқат ва баъди он раҳбарон роҷеъ ба масоили муҳими кишварҳояшон радду бадал хоҳанд кард. Дар мулоқоти имрӯза аммо раҳбарони дигар кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ба мисли президентҳои Ӯзбакистон, Қирғизистону Туркманистон иштирок намекунанд. Мулоқоти имрӯзаи раҳбарон дар Маскавро нишасти ғайрирасмии президентҳои ҷомеаи кишварҳои Ҳамсуд унвон кардаанд.
Бар тибқи тасдиқи Кремлин, охири моҳи ҷорӣ қарор аст Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия бо ҳамтоёни тоҷикистониву қирғизистониаш - Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев дар Душанбеву Бишкек мулоқотҳо доир кунад.
XS
SM
MD
LG