Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳо дар Ҷакарта ба 8 нафар расид


Пулиси Индонезия мегӯяд, рӯзи ҷумъа бар асари бомбгузориҳои маргталабонаи тақрибан пайи ҳам дар меҳмонсаройҳои “Ритс-Карлтон” ва “Марриот” дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Ҷакарта, дасти кам 8 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Пулис мегӯяд, ин ҳамлаҳо бо дасти маргталабоне анҷом шудаанд, ки зоҳиран дар ин ду меҳмонхонаи гаронбаҳо ҳамчун меҳмон сабт шуда буданд. Раисиҷумҳури Индонезия Сусило Бамбанг Юдҳоёно дар паёме ҳамлагаронро “ноодам” номид ва гуфт: “Имрӯз бо як бамбгузории дигари гурӯҳи террорист дар Ҷакарта дар таърихи мо ҳамчун як доғи сиёҳ нақш хоҳад баст.”
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, давлати ӯ омода ҳаст, ба Индонезия дар роҳи набард бо тундгароӣ ва рафъи авоқиби ин ҳамлаҳои, ба гуфтаи Обама, нангин, дасти ёрии худро дароз кунад.
Масъулияти ин ҳамлаҳоро то ҳол касе бар ӯҳда нагирифтааст. Тими футболи “Манчестер Юнайтед”, ки бояд дар ҷараёни боздидаш аз Индонезия дар меҳмонсарои “Ритс-Карлтон” меистод, сафараш ба Ҷакартаро лағв кардааст.
XS
SM
MD
LG