Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳои Ҷакарта як маргталаб даст доштааст


Раҳбари кумитаи амнияти парлумони Индонезия гуфтааст, дар таркишҳои хунини рӯзи ҷумъа дар меҳмонсаройҳои “Ритс-Карлтон” ва “Марриот” дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Ҷакарта, як маргталаб даст дошт. Тео Самбуага гуфта, ки боқимондаҳои ин маргталаб аз зери овор аз байни аҷсоди кушташудагони дигар ёфт шудааст. Вазири амнияти Индонезия гуфт, бар асари таркишҳои Ҷакарта 9 нафар, бо шумули 1 шаҳрванди Зеландияи нав, кушта шуда, 52 тани дигар захм бардоштаанд. 13 тан аз захмиён низ атбоъи хориҷӣ будаанд.
Меҳмонсаройи “Марриот” дар Ҷакарта дар соли 2003 низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд ва он ҳамла 12 нафарро дар “Марриот” кушта бар ҷой гузошт. Ба дунболи ин ҳодиса, тими футболи “Манчестер Юнайтед” дидораш аз Индонезияро лағв кард. Аъзои ин тим маҳз дар меҳмонсаройи “Ритс-Карлтон” барои худ ҷойи хоб фармоиш дода буданд.
XS
SM
MD
LG