Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистону Ҳинд ба гуфтугӯи сиёсӣ мепардозанд


Имрӯз дар Шармушшайхи Миср дар ҳошияи нишасти ҷумбиши кишварҳои ҳамроҳношуда мулоқот ва гуфтугӯи нахуствазирони Покистону Ҳинд - Юсуфризо Гелонӣ ва Манмуҳанг Сингҳ баргузор шуд. Дар изҳороти муштараки ин ду раҳбар гуфта шуд, ки гуфтугӯи сиёсӣ аз назари онҳо танҳо роҳи пешрафт дар равобити ин ду кишвар буда метавонад. Мулоқоти мазкур сардии ҳафтмоҳаро дар равобити миёни раҳбарони ин ду кишвар шикаст, ки баъди ҳодисаҳои террористии Мумбай охири соли гузашта ба сардӣ гароида буд. Дар он ҳамла болои маркази тиҷоратии Ҳинд 165 нафар кушта шуданд. Дар оғози моҳи ҷорӣ Ҳинд ба тасмими додгоҳи Покистон бо лаҳни шадид вокуниш нишон дод, ки муассиси як созмони террорристӣ ва муттаҳам ба ташкили ҳамлаҳои Мумбай Ҳафизмуҳаммад Сайидро озод карда буд.
XS
SM
MD
LG