Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар мулоқоти сарони кишварҳои ғайримунсалик


Имрӯз дар Шарм ул-Шейхи Миср мулоқоти раҳбарони кишварҳои ғайримунсалик ё кишварҳое, ки дар паймонҳои низомӣ узвият надоранд, ба кори худ оғоз кард. Дар он Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони раҳбари кишвари нозир ширкат дорад. Дар остонаи ин мулоқот ва дар ҳошияи он раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазирони умури хориҷаи Сингапур ва Идонезия дидор ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард. Дар ин ҷунбиш 119 кишвар узвият доранд ва 16 кишвар мақоми нозирро ба даст овардаанд, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.
XS
SM
MD
LG